HotLog
*The United Nations in Tajikistan has its main office in Dushanbe and sub-offices in five other cities.
МӮҲТАВОИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА
1Саҳифаи асосӣ
2Сарсухани Ҳамоҳангсози доимии СММ
3Шарикӣ баҳри рушд
4Рӯйдодҳои асосӣ
5Шарҳи натиҷаҳои соли 2020
6Натиҷаҳои вокуниш ба COVID-19
7Натиҷаҳои асосии Барномаи қолабии СММ ҷиҳати расонидани кумак баҳри рушд
8Шарикӣ ва маблағгузории Рузномаи 2030
9Ислоҳоти СММ
10Сабақҳои омӯхташуда
11Тафсири молиявӣ
12Ҷалби захираҳо
13Афзалиятҳои асосии дастаи кишварии СММ барои соли 2021
14Натиҷаҳои таъсирбахш ба ҳаёти одамон
15Ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 2020

САРСУХАНИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ДОИМИИ СММ

Соли 2020 соли махсус буд.

Аввалан ин 75-умин солгарди СММ буд. Ин ба мо имконият дод, ки дар доираи як пурсиши калон ба нуқтаву назари зиёда аз 17000 нафар мардуми Тоҷикистонро гӯш диҳем ва аз онҳо фаҳмем, ки чӣ гуна ояндаро хоҳонанд ва аз СММ чиро интизоранд.

Дуввум, соли 2020 инчунин аз он ҷиҳат муҳим буд, ки Даҳсолаи амал барои ҳадафҳои рушди устувор ифтитоҳ гардид. Мо барои расидан ба ҳама ҳадафҳое, ки Тоҷикистон дар самти рафъи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим ва ғайра муайян кардааст, ҳамагӣ 10 сол дорем.

Саввум, дар соли 2020 мо инчунин шоҳиди оғози комили ислоҳоти СММ дар Тоҷикистон гаштем, ки дар натиҷа Дафтари тақвиятдодашудаи Ҳамоҳангсози доимӣ таъсис дода шуда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештар дар кори оилаи СММ таъмин карда шуд.

Баъдан КОВИД ба мо зарба зад. Гарчанде ки ҳамагирӣ ҳаёт ва кори моро ба таври назаррас халалдор кард, аз баъзе ҷиҳатҳо он ислоҳоти СММ-ро дар маҳал суръат бахшид, зеро дар як шабонарӯз моба ғайр аз дарёфти роҳҳои босуръат ва якҷояи пешбурди фаъолият ва ноилшавӣ ба натиҷаҳо дигар чорае надоштем.

Дастоварди калидӣ дар ин самт нақшаи муштараки вокуниш ба КОВИД буд. Нақшаи ҳамгирошудаи вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ тамоми сохторҳоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам овард, то ин ки роҳҳои ҳалли таъсироти КОВИД ба ҳаёт ва сарчашмаҳои рӯзгузаронии мардуми тоҷикро пайдо кунанд. Дар доираи нақшаи мазкур бо мақсади тақвияти кӯшишҳои шарикони миллӣ ва байналмилалӣ қариб 40 миллион доллари ИМА сафарбар карда шуда, ба ин мақсадҳо аз нав равона карда шуданд.

Аммо кори мо танҳо бо КОВИД маҳдуд набуд. Соли гузашта мо аз ҳарвақта дида бештар барномаҳои муштараки СММ-ро дар мавзӯъҳои гуногун, ба монанди ҷавонон, маблағгузории ҲРУ, муҳоҷират, хушунати гендерӣ ва ғайра оғоз кардем.

Мо инчунин таваҷҷӯҳи худро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ равона кардем ва Стратегияи муштараки фаъолияти кориро таҳия кардем, ки ба мо дар муайян кардани имкониятҳо барои сарфаи хароҷот дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари ИМА кӯмак кард.

Ҳоло баъзе мисолҳоро аз натиҷаҳои мушаххаси рушд меорам. Соли 2020 оилаи СММ дар Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ намуд:

o ба зиёда аз 3,5 миллион нафар одамон хизматрасониҳои асосии тиббӣ пешниҳод карда шуд;
o ба зиёда аз 2,5 миллион кӯдакон ва хонаводаҳои осебпазир кӯмаки ғизоӣ пешниҳод карда шуд
o ба зиёда аз 2 миллион кӯдак дастгирӣ барои таҳсилоти фосилавӣ пешниҳод карда шуд;
o дар даврае, ки тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буданд, ба зиёда аз 20 000 нафар занон хизматрасониҳо оид ба солимии репродуктивӣ пешниҳод карда шуд;
o дастгирии махсус ба шахсоне, ки гирифтори зӯроварии гендерӣ шуданд, пешниҳод карда шуд;
o ба қариб 10 000 гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ дастгирӣ тавассути кӯмаки пулӣ, бастаҳои озуқаворӣ ва дастгирӣ дар таҳияии ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шуд;
o ба зиёда аз 3 000 муҳоҷирони дармондаи тоҷик дастгирӣ тавассути ташкили ҳамлу нақл ва бастаҳои озуқаворӣ пешниҳод карда шуд;
o омӯзиши касбӣ ба рақамисозӣ, грантҳо барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ (стартапҳо) ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои қариб 4000 нафар одамон (42% занон, 37% ҷавонон) ва зиёда аз 900 субъектони соҳибкории хурд, ки аз КОВИД зарар диданд, пешниҳод карда шуд;

Мо боварӣ дорем, ки соли 2021 ба интиҳои ҳамагирии мазкур оғоз хоҳад бахшид ва ман аз номи дастаи кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдориро ба:

o Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ва инчунин
o шарикони содиқи мо дар ҷомеаи байналхалқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

барои ҳамкории онҳо ва таҷдиди пайравии мо баҳри дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар оянда баён мекунам.

Хонум Сезин Синанолу
Ҳамоҳангсози доимӣ
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон
15 марти соли 2021

ШАРИКӢ БАҲРИ РУШД
Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба шарикони миллии рушд ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ барои шарикии стратегӣ, ки ба натиҷаҳои дар ин ҳисоботи солонаи 2020 пешниҳодгардида оварда расонид, миннатдории худро баён мекунад.

Ҳамтои асосӣ дар ҳамоҳангсозии шарикии ҳукумат бо СММ дар татбиқи Барномаи қолабии СММ ҷиҳати расонидани кӯмак баҳри рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) Вазорати рушди иқтисод ва савдо (ВРИС) мебошад. ВРИС инчунин ҳамраиси Кумитаи миллии роҳбарикунандаи муштарак ва Котиботи ЮНДАФ мебошад. Вазоратҳои соҳавӣ дар кори ҳашт Гурӯҳҳо оид ба натиҷаҳои ЮНДАФ ҳамкории зич доранд. СММ бо як қатор ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва инчунин бо бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттифоқҳои кормандон ҳамкории зич дорад.

Созмони Милали Муттаҳид инчунин бо ҷомеаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои таҳияи усулҳои муштараки стратегӣ дар самти пешрафти ҳадафҳои рушди устувор робитаи наздик дорад. Ҷомеаи байналмилалӣ амалисозии ЮНДАФ ва Барномаи фарогири вокуниш ба паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии КОВИД-19-ро дастгирӣ намуд. Тавассути Гурӯҳ оид ба вокуниш ба КОВИД ва Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд СММ дар муттаҳидсозии шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии шарикӣ баҳри рушд нақши фаъолро мебозад.

Алалхусус СММ ба он шариконе, ки кори моро тавассути саҳмгузориҳо ба фонди асосӣ, Фонди боварии бисёршарика, фонди муттаҳидшуда ва барномаҳои муштарак дастгирӣ мекунанд, миннатдорӣ баён мекунад. Ин маблағҳо дар соли 2020 муҳим буданд, зеро онҳо имкон доданд, ки вокуниши фаврӣ ва мутобиқ ба ниёзҳо дар шароити бӯҳрони КОВИД карда шавад. Маблағҳои асосӣ 13 фоизи маблағҳои татбиқшударо дар соли 2020 ва панҷ фоизи барномаҳои муштаракро ташкил доданд (ки нисфи он аз ҳисоби Фонди боварии бисёршарика буд). Дар маҷмӯъ ин маблағҳои баландсифат ҳанӯз ҳам камтар аз 20 фоизи кору фаъолияти анҷомдодаи СММ-ро дар соли 2020 ташкил доданд. Дар шароити ислоҳоти СММ, ташкилот ба шарикони байналмилалие, ки принсипҳои калидии Паймони маблағгузориро пешбарӣ карданд ва саҳми худро ба фондҳои асосӣ, барномаҳои муштарак ва ӯҳдадориҳои бисёрсола зиёд карданд, миннатдорӣ мекунад.

РӮЙДОДҲОИ АСОСӢ

1Сарчашма: Агентии омор: маълумоти пешакӣ оид ба ММД барои соли 2020; афзоиши миёна дар асоси ҳисобҳои худ дар асоси афзоиши ММД дар даҳсолаи охир
2https://www.imf.org/-/media/Images/IMF/Publications/WEO/2021/January/English/weoupdate-jan21-eng.ashx
3Дар асоси маълумоти Агентии омор вобаста ба шуғли аҳолӣ
4https://data.worldbank.org/indicator/BX.TRF.PWKR.DT.GD.ZS?locations=TJ
5Listening2Tajikistan-COVID19-August2020-en.pdf (worldbank.org)
6https://data.worldbank.org/indicator/SI.POV.NAHC?locations=TJ
7Таъсироти КОВИД-19 ба ҳаёт, сарчашмаҳои рӯзгузаронӣ ва корхонаҳои хеле хурд, хурд ва миёна дар Тоҷикистон | Дафтари БРСММ дар Тоҷикистон

ШАРҲИ НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2020

ВОКУНИШ БА КОВИД-19

НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

НАТИҶАИ ВОКУНИШ БА COVID-19

Маҷмӯи пурраи маълумотро дар саҳифаи иттилоотии Тоҷикистон дар истинод пайдо кардан мумкин аст:
https://data.uninfo.org/Home/_CountryProfile/Tajikistan

НАТИҶАҲОИ ЮНДАФ

Cутун 1
Идоракунии демократӣ,
волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон
 
Cутун 2
Рушди иқтисодии
устувор ва баробар
                         
Натиҷаи 1
   
Натиҷаи 2
       
ЮНДАФ
2016-2022
 
Натиҷаи 3
Натиҷаи 4
Натиҷаи 6
   
Натиҷаи 5
       
Cутун 4
Ғизо ва амнияти
озуқаворӣ

Cутун 3
Рушди иҷтимоӣ
(маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)
Натиҷаи 1: Идоракунии демократӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон

СММ дастгирии мардумро дар Тоҷикистон идома дод, то ин ки онҳо ҳуқуқҳои худро ҳифз кунанд ва аз дастрасии беҳтар ба адолат баҳра баранд. СММ кӯмаки техникию молиявӣ ва тарғиботро вобаста ба низоми ёрии ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Дар моҳи июли соли 2020 ин боиси қабули қонуни нав дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳукумат гардид, ки дар он ӯҳдадориҳои буҷетӣ оид ба маблағгузории 20% низом аз буҷети давлат ворид карда шуданд.
Натиҷаи 2: Рушди иқтисодии устувор ва баробар

СММ кӯмаки техникӣ расонда, бо ҳукумат дар самти таҳия ва роҳандозии Барномаи миёнамӯҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати таъмини ҳамгироии ҲРУ, инчунин дохил намудани пешбурди содирот, банақшагирии сармоягузории миллӣ, рушди шуғли пурмаҳсул, рушди бахши хусусӣ, амнияти озуқаворӣ ва рақамикунонӣ ҳамкории зич дошт.

22 283 нафар одамон (40% занон) аз пешбурди сарчашмаҳои таъмини зиндагӣ баҳравар шуда, ба 3 925 нафар одамон (45% занон) малакаҳои касбию соҳибкорӣ ва омӯзишҳо дар ҷойи кор пешниҳод карда шуданд, аз ҷумла 1 297 нафар ҷавонон аз такмили малакаҳои рақамӣ баҳра мебаранд.

577 ҷойҳои кори доимӣ тавассути фаъолиятҳои кишоварзӣ ва соҳибкории хурд таъсис дода шуданд (45% занон-баҳрагирандагон ва 166 нафар баҳрагирандагон-муҳоҷирони баргашта).
Натиҷаи 3: Рушди иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)
СММ ҳукуматро барои таъмини дастрасии доимии бехатар ба таҳсилот барои ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ тавассути амалисозии Нақшаи вокуниши миллии ба КОВИД-19 дар соҳаи таҳсилот, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, дастгирӣ намуд. Ин рушди иқтидори ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва омӯзгоронро дар соҳаи таҳсилоти фосилавӣ, оғози дарсҳои таълимии телевизионӣ дар сатҳи миллӣ, рақамикунонии барномаи таълимии миллӣ ва маъракаҳоро оид ба чораҳои бехатарӣ дар заминаи мактаб дар ҳамаи марказҳои таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳои миллӣ дар бар гирифт. Коэффитсиенти холиси фарогирии кӯдакони 36-59 моҳа (ҲРУ 4.2.2) бо таҳсилоти томактабӣ 15.9%-ро ташкил дод (соли хониши 2019-2020). Сатҳи гузариш аз таҳсилоти ибтидоӣ ба миёнаи умумӣ, аз рӯи ҷинс (аз синфи 9 ба синфи 10) 78,8% - 80,4% дар байни писарон, 77,1%-ро дар байни духтарон (соли хониши 2019-2020) ташкил дод.

Тавассути пешниҳоди хӯроки гарм дар мактабҳо дастгирӣ ба зиёда аз 433000 нафар хонанда (213 000 духтарон ва 220 000 писарбачаҳои 7-11 сола) дар ҳаҷми тақрибан 3 600 тонна маводи озуқавории омехта пешниҳод карда шуд. Ғайр аз ин, тавассути як чорабинии иловагӣ, ки барои коҳиш додани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии КОВИД-19 таҳия шудааст, тақрибан 22 000 оилаҳои мактаббачагони осебпазир бастаи озуқавории махсусро барои хона гирифтанд.
Outcome 2: Sustainable and Equitable Economic Development
Тавассути дастгирии СММ то соли 2020 80% аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ дастрасӣ пайдо карданд, аз ҷумла:

● 97% кӯдакон бо эмкунӣ фаро гирифта шуданд.
● 94% занон бо хизматрасонии босифати пеш аз таваллуд (антенаталӣ) фаро гирифта шудаанд.
● 97% занон бо ёрии кадрҳои баландихтисос таваллуд карданд.
● зиёда аз 90% занон аз хизматрасониҳо ва ҳуқуқҳои маҷмӯии солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ истифода бурданд.
● 50% аҳолии бештар зери хатар қарордошта аз хизматрасонии пешгирии ВНМО баҳраманд гаштанд.
Outcome 2: Sustainable and Equitable Economic Development
Тавассути дастгирии СММ 60% афзоиш дар дастрасӣ ва фарогирии гурӯҳҳои осебпазир бо барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба даст оварда шуд (асосан, кӯмаки пулӣ ва дастгирии моддӣ).
Натиҷаи 4: Ғизо ва амнияти озуқаворӣ

СММ пешрафти назаррасро дар самти таҳкими дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуд (аз ҷумла муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ). Чорабиниҳои таблиғотӣ оид ба гигиена маъракаҳои дегелминтизатсия ва гигиенаи дастҳоро дар бар гирифтанд.

СММ барои қабули ҳафт чораҳои сиёсат ва барномаҳои нав, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва пасткунии камғизоӣ нигаронида шудаанд, кӯмаки техникӣ ва таблиғотӣ пешниҳод намуд.
Натиҷаи 5: Фарогирӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои гурӯҳҳои осебпазирs

СММ барои қадами назарраси ҳукумат дар қабули Нақшаи миллии амалиёт оид ба тасвибрасонӣ ва татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта дар моҳи феврали соли 2020 кӯмаки техникӣ ва таблиғотӣ расонд.
Натиҷаи 6: Чандирӣ ва устувории экологӣ

Дар давоми соли 2020 СММ ба 518 430 нафар одамон (57% занон) дар 20 ноҳияҳои осебпазир дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва чорабиниҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ, аз қабили барқароркунии чарогоҳҳо ва ҷангалҳо кӯмаки молиявӣ пешниҳод намуд ва иқтидорро онҳоро ташаккул дод.

ШАРИКӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ РУЗНОМАИ 2030

ШАРИКИИ НАВОВАРОНА

ШАРИКӢ БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ҲРУ

ШАРИКИИ ҶАНУБ-ҶАНУБ (SOUTH-SOUTH) Ё СЕТАРАФА БАРОИ ПЕШБУРДИ РӮЗНОМАИ 2030/ҲРУ:

АФЗОИШИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ АФЗАЛИЯТҲОИ ҲРУ

ИСЛОҲОТИ СММ

Ҳадафи ислоҳоти СММ аз такмил додани ҳамоҳангӣ, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии низоми СММ иборат мебошад, то ин ки мо тавонем дар маҳал натиҷаҳои беҳтар ба даст орем ва Ҳукумати Тоҷикистонро барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо дар доираи ҲРУ дастгирӣ намоем.

Дар давоми соли 2020 СММ дар Тоҷикистон барои амалисозии Рӯзномаи ислоҳот ва муттаҳид сохтани ҳадафҳо ва амалҳои худ, муайян кардани нақшҳо ӯҳдадориҳо ва ноил шудан ба таъсирот ва тағйироти устувор тадбирҳои мушаххас андешид.
Дар моҳи марти соли 2020 вазифаи Ҳамоҳангсози доимӣ аз БРСММ бо омадани Ҳамоҳангсози доимии нав хонум Сезин Синанолу ҷудо карда шуд. Дафтари тақвиятёфтаи Ҳамоҳангсози доимӣ (ДҲД) низ дар давоми соли 2020 таъсис дода шуд ва дар охири сол дафтар панҷ нақши асосиро дар раванди ислоҳот муайян кард: банақшагирандаи стратегӣ, барномарезии иқтисодӣ, идоракунии маълумот, муоширату шарикии стратегӣ ва маблағгузорӣ. Ин ДҲД-и тақвиятёфта Дастаи кишварии СММ-ро (ДКСММ) дар густариши ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои бештари барномавӣ дастгирӣ мекунад. ДКСММ дар соли 2020 шумораи бештарини ташаббусҳои муштаракро ба роҳ монд (дар соҳаҳои ҷавонон ва бунёди сулҳ, маблағгузории ҲРУ, муҳоҷират, пешгирии зӯроварии гендерӣ, вокуниш ба КОВИД-19, таҳкими низомҳои тандурустӣ). Инчунин шумораи варақаҳои консептуалии барномаҳои муштарак, ки барои истифодаи таҷрибаи низоми СММ баҳри амалҳои якҷоя доир ба ҲРУ таҳия шудаанд, афзоиш ёфт.
СММ ба таври босуръат ба бӯҳрони КОВИД-19 дар Тоҷикистон тавассути таҳияи нақшаи ягонаи вокуниш ба КОВИД-19 (Барномаи фарогири вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар муддати хеле кӯтоҳ тавассути ҳамкории муштараки тамоми Дастаи кишварии СММ омода шуд, вокуниш кард. Барои ин Барнома 20 миллион доллари ИМА равона карда шуд ва маблағгузории иловагии нав дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА барои қонеъ сохтани ҳам ниёзҳои фаврии соҳаи тандурустӣ ва ҳам ниёзҳои миёнамӯҳлати иҷтимоию иқтисодӣ сафарбар кард шуд.
Таҳияи муштараки барнома заминаро барои таъсиси Гурӯҳи идоракунии барнома фароҳам овард, ки мутахассисони аршади техникиро аз тамоми сохторҳои СММ гирд оварда, ҳамоишеро барои таҳияи тавсияҳои ҳамаҷониба ба ҳукумат фароҳам сохт. Ин Гурӯҳи идоракунии барнома дар таҳияи таҳлили умумии кишвар дар соли 2020 нақши калидӣ дошт, ки ба тарҳрезии Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ ворид шудааст ва он инчунин таҳлили асосӣ хоҳад буд, зеро дар охири соли 2021 Дастаи кишварии СММ ба таҳияи Барномаи чорчӯбавии навбатии СММ оид ба ҳамкорӣ барои мақсадҳои рушди устувор (ки аз 1 январи соли 2023 сар мешавад) оғоз мекунад.
Дар соли 2020 СММ дар Тоҷикистон платформаи UNINFO ва инчунин платформаи портали иттилоотии КОВИД-19 ва сомонаи нави кишвариро ифтитоҳ намуд. Ҳар сеи ин платформаҳо барои гузоштани маълумот дар маркази кӯшишҳои мо хизмат мекунанд. Платформаи UNINFO воситаи дохилии Дастаи кишварии СММ барои беҳтар кардани ҳамоҳангӣ тавассути банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботи онлайнӣ мебошад. UNINFO инчунин ба рақамисозӣ ва стандартикунонии Нақшаҳои муштараки кории Дастаи кишварии СММ оид ба ЮНДАФ барои солҳои 2021-2022 имкон фароҳам месозад. Дар соли 2021 платформаи UNINFO бо сомонаи нави СММ дар Тоҷикистон пайваст карда мешавад ва ин маълумот дар бораи фаъолиятҳои барномавӣ, шарикӣ, буҷету хароҷот ва дастовардҳо бо мақсади баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ва алоқамандӣ бо Рӯзномаи 2030/ҲРУ дар сомонаи кушод дастрас хоҳад буд.
Саҳифаи иттилоотии КОВИД-19 оид ба Тоҷикистон https://data.uninfo.org/Home/_CountryProfile/Tajikistan вокуниши СММ-ро дар Тоҷикистон ба бӯҳрони КОВИД-19 пайгирӣ мекунад ва Дастаи кишварии СММ ҳар семоҳа рақамҳои пешрафтро дар самти нишондиҳандаҳои асосӣ ва шумораи одамоне, ки бо хизматрасонӣ ва дастгирӣ фаро гирифта шудаанд, таҷдид мекунад. Маълумотҳо дар шакли гурӯҳбандӣ аз рӯи намудҳои барнома, ҳудуд (деҳот/шаҳр), ҷинс, синну сол ва аҳолии зери хатар қарордошта пешниҳод карда мешаванд, то ин ки касе дар канор намонад. Дар маҷмӯъ истифодаи UNINFO ва портали иттилоотии КОВИД-19 аз ҷониби СММ дар Тоҷикистон бо худ пешравии муҳимеро дар шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ таҷассум мекунад.
Таъсири бӯҳрони КОВИД-19 ба амалиёти кории СММ сабабгори қабули хеле босуръати усулҳои нави соддакардашуда ва рақамии фаъолият гашт. Ташкили вохӯриҳои маҷозии Дастаи кишварии СММ ба фароҳам овардани имконият барои ҳамкории наздиктари сохторҳои ғайриҷисмонии СММ мусоидат намуд. Он инчунин сабақҳои муҳимеро пешниҳод намуд, ки ҳангоми таҳияи Стратегияи фаъолияти кории СММ дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шуданд. Стратегияи мазкур дар соли 2020 таҳия ва тасдиқ карда шуд ва дар доираи он чорчӯбаи амалисозии СММ дар самти сарфаи/пешгирии хароҷот дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари ИМА таҳия карда шуд.

САБАҚҲОИ ОМӮХТАШУДА

ТАФСИРИ МОЛИЯВӢ

ДАР БУҶЕТ ПЕШБИНИШУДА VS АЗХУДКАРДАШУДА БО СОЛҲО
< 20 16 >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$52 241 730
$45 586 127
< 20 17 >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$62 197 034
$51 264 046
< 20 18 >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$54 813 726
$42 202 393
< 20 19 >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$63 775 161
$50 613 675
< 20 20 >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$79 545 917
$62 220 073
<ҲАМ АГӢ >
ДАР БУҶЕТ
ПЕШБИНИШУДА
АЗХУДКАРДАШУДА
$312 573 569
$251 886 316
ДАР БУҶЕТ ПЕШБИНИШУДА VS АЗХУДКАРДАШУДА АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ 2016-2020
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$72 119 000
$42 085 329
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$79 891 000
$28 808 219
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$101 110 000
$120 898 782
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$14 600 000
$16 378 771
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$36 516 000
$6 063 406
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$59 053 111
$37 651 807
НАТ ИҶА
 1   2   3   4     5   6   ҲАМАГӢ 
ҶУДОКАРДАШУДА АЗХУДКАРДАШУДА
$363 289 111
$251 886 316
ДАР БУҶЕТ ПЕШБИНИШУДА VS АЗХУДКАРДАШУДА АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ 2020

DELIVERY BY UN AGENCY IN 2020

ҶАЛБИ ЗАХИРАҲО

СТРАТЕГИЯИ ҶАЛБИ ЗАХИРАҲО
СОЗИШНОМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

Мувофиқи Созишномаи маблағгузорӣ СММ мақсад дорад, ки маблағгузорӣ тавассути барномаҳои муштарак ва Фондҳои боварии бисёршарика дар соли 2021 зиёд карда шавад. Дар давоми соли 2020 СММ иқтидори баландро барои ҳамкории зич бо усули ҳамгироишуда дар самти вокуниш ба бӯҳрон тавассути Барномаи фарогирӣ вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба паёмадҳои КОВИД 19 ва тавассути дастгирӣ ба раванди банақшагирии Ҳукумат оид ба тақсимоти ваксинаҳо намоиш дод. Таҷриба ҳои мазкур оид ба ҳамкории муштарак ва фаъолияти ягона инчунин ба афзоиши пешниҳодҳои барномавии муштарак оварда расонд. Дар давоми соли 2020 СММ тавассути се барномаи муштараки нав оид ба маблағгузории ҲРУ, вокуниш ба бӯҳрони КОВИД-19 ва муҳоҷират захираҳоро сафарбар кард.
МАЙДОНҲО (ПЛАТФОРМАҲО) БАРОИ САФАРБАРКУНӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЗАХИРАҲО

Афзалияти СММ тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ ва нишон додани аҳамияти фаъолияти бисёрҷониба ва бартарии нисбии СММ боқӣ мемонад. СММ дар шарикӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ), ки ҳамраиси Гурӯҳи фаврии баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқуллода (REACT) мебошад, ки он шарикони миллӣ ва байналмилалиеро дар бар мегирад, ки онҳо омодагӣ ва вокунишро ба ҳолати фавқулодда дар Тоҷикистон тавассути Стратегияи вокуниши башардӯстонаи худ ба ҳолатҳои фавқуллода дастгирӣ мекунанд. Гурӯҳи мазкур як майдони муҳим барои ҳамоҳангсозии маблағгузорӣ ва фаъолияти шарикон мебошад. Дар соли 2020 шарикон дар якҷоягӣ чорабиниҳоро ба маблағи 17 миллион доллари ИМА татбиқ карданд, ки барои амалҳои фаврии наҷотдиҳии ҳаёт, башардӯстона, аз қабили тақсимоти озуқаворӣ, пули нақд ва молҳои ғайрихӯрокворӣ равона шуда буданд. Дар доираи онҳо зиёда аз 1 миллион нафар одамон фаро гирифта шуданд.

Боз як майдони муҳими ҳамоҳангсозӣ Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19 буд, ки аз ҷониби СММ дар соли 2020 ташкил карда шуда, ба он агентиҳои асосии СММ, ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, шарикони дуҷониба, шарикони бисёрҷониба ва Бонки ҷаҳонӣ барои муаррифии Барномаи фарогирӣ вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба донорҳо бо мақсади сафарбаркунии захираҳо даъват карда шуданд. Нақшаи умумӣ барои давраи июли соли 2020 то декабри соли 2021 ба маблағи 62 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда шуд. Созмони Милали Муттаҳид маблағро дар ҳаҷми қариб 20 миллион доллари ИМА барои вокуниш равона сохт ва дар ҳаҷми беш аз 15 миллион доллари ИМА маблағгузории иловагиро сафарбар кард. Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19 як майдони муҳими шарикиро барои ҳамкории СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ баҳри фаъолияти якҷоя барои таъмини дастгирии ҳаматарафаи ҳукумат дар вокуниш ба КОВИД фароҳам овард.

Дар Тоҷикистон боз як майдони муҳими ҳамоҳангсозии рушд мавҷуд аст, ки метавонад ба муносибагардонӣ ва ҳамоҳангсозии захираҳо ва маблағгузории афзалиятҳои ҲРУ дар оянда мусоидат намояд – ин Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд мебошад, ки аз ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ иборат аст. СММ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии шарикони рушд оид ба ӯҳдадориҳои онҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030 ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои онҳо нақши муҳим мебозад.
МАСЪАЛАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК

Масъалаҳои афзалиятноке, ки дар давоми соли 2021 барои афзоиши сармоягузорӣ ва ҷалби захираҳо аҳамияти хоса доранд, барқарорсозии сабз, низомҳои озуқаворӣ ва ғизо, обтаъминкунӣ ва тағйирёбии иқлим, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон мебошанд.
СИФАТИ МАБЛАҒГУЗОРӢ
АСОСӢ VS ҒАЙРИАСОСӢ 2020

JOINT PROGRAMME FUNDING

АФЗАЛИЯТҲОИ АСОСИИ ДАСТАИ КИШВАРИИ СММ БАРОИ СОЛИ 2021

Ҳикояҳо оиди таъсири фаъолияти СММ дар ҶТ ба аҳолӣ (бо забони англисӣ)

FAO

A young hero to animals and people. An FAO-EU project ensures that quality veterinary services in Tajikistan safeguard livelihoods

Matching grants help migrants’ businesses take off in Tajikistan

Enhanced livelihoods of rural Tajik families help overcome the COVID-19 crisis

ILO

ILO Launches a Knowledge-Sharing Platform to Facilitate Transition to Formality in the Sub-Region

UNAIDS

Breaking the vicious cycle of HIV-related stigma in Tajikistan

UNDP

The woman who leads the way in the Energy efficiency sector

Solar power helps fish farmers reach record survival rate of young alevins

Promoting Effective Medical Waste Management to Reduce COVID-19 Impact on Environment

UNESCO

Tajikistan: Digital technology sparks women’s creativity

UNFPA

SRH services to PWD and provision of online SRH/FP services during Covid-19.

Increasing access to family planning services in remote villages in Tajikistan

UNHCR

Leaving no one behind: supporting refugees in Tajikistan to tackle COVID-19

UNICEF

Digital outsourcing help girls in Tajikistan to transit to decent work-life

Cash Assistance for Struggling Families in Tajikistan Amid the Coronavirus

The Gift of Water: Celebrating Global Handwashing Day in Schools in Tajikistan

UNODC

BLO Initiative: A New Level of Improved Cross Border Cooperation between Uzbekistan and Tajikistan (unodc.org)

UNOPS

UNOPS helps bring life-saving medical equipment to Tajikistan to tackle the COVID-19 outbreak

UNRCCA

Volunteers build peace for everyday life in Central Asia and Afghanistan

UNV

Leaving no one behind: supporting refugees in Tajikistan to tackle COVID-19

Making information available for migrants in Tajikistan

UN Women

Tajik businesses run by women living with HIV supply key protective gear for COVID-19 response

Turning to technology to connect women living with HIV during COVID-19 in Tajikistan

WHO

COVID-19: WHO coordinates large-scale response operation in Tajikistan

WFP

WFP Resumes School Feeding in Tajikistan Amidst COVID-19 Crisis

БОҶ соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2020

Дар соли 2020 Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои "талошу кӯшишҳои он дар мубориза бо гуруснагӣ, барои саҳмгузории он дар беҳтар намудани шароит барои сулҳ дар минтақаҳои низозада ва фаъолияти он ҳамчун қувваи пешбаранда барои пешгирии истифодаи гуруснагӣ ҳамчун аслиҳаи ҷанг ва низоъ” бо Ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд. Ҷоиза дар ҳоле дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид 75-умин солгарди худро таҷлил мекард ва ин эътирофи муҳими аҳамияти фаъолияти бисёрҷониба ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба чолишҳои ҷаҳоние, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, чӣ низоъ, бӯҳрон, офат, тағйирёбии иқлим ва ё нобаробарии мустаҳкамшуда бошад, буд. Чунин ҳамбастагӣ на танҳо маҳз барои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ, балки барои гузаштан аз озмоиши ҳамагирии КОВИД-19 зарур аст. Дар Тоҷикистон БОҶ Ҳукуматро барои вокуниш ба мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути пешниҳоди хӯроки мактабӣ ва кӯмаки пулӣ ба оилаҳо ва кӯдакони осебпазир ва дастгирии таҳкими низомҳои озуқаворӣ дастгирӣ мекунад, то мо ба ояндае ноил шавем, ки дар он касе гурусна намонад. Дастаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММро дар Тоҷикистон табрик мегӯем!