header
header
header
header

ООН Надежный партнер Часть 1 

Medical equipment and essential reproductive health commodities handed over to the Ministry of Health and Social Protection of Population of Tajikistan / Маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ва ...

22 September, 2017, Dushanbe, Tajikistan – Within the grant aid agreement between the Government of Japan and UNFPA aimed at strengthening the health system in Tajikistan a handover ceremony of medical equipment and essential reproductive health commodities took place at the National Scientific-Research Institute for Obstetric Gynecology and Pediatrics of Tajikistan.

The ceremony was attended by Hon. Hayriniso YUSUFI, Vice-Speaker of the Parliament, Dr. Nasim Khoja OLIMZODA, the Minister of Health and Social Protection of Population (MoHSPP), H.E. Mr. Hajime KITAOKA, Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of Japan to the Republic of Tajikistan, Hon. Prof. Keizo Takemi, Chairperson of the Asian Forum of Parliamentarians on Population and Development, and Ms. Mieko YABUTA,  Country Director, United Nations Population Fund (UNFPA) in Tajikistan. Number of parliamentarians and officials from the Ministry of Health were present at the ceremony.

During the ceremony held in the frames of the joint project “Strengthening National Family Planning Services” medical supplies, commodities, and equipment worth of US$ 300,000.00 were handed over to the MoHSPP of Tajikistan. The aim of the project is to ensure supply and availability of quality and accessible Family Planning (FP) services to population. The project will address demand for quality health care and FP services according to people’s intentions and individual families’ plans.  

International Conference on Population and Development held in Cairo in 1994 reaffirmed the rights of every woman and man to decide freely the timing and the number of children they wish to have and the responsibility of the Governments to enable their citizen to exercise their Reproductive Rights. FP is an essential part of maternal and child health care and helped to reduce maternal and infant mortalities in Tajikistan and in the world. That is why the GoT is committed to make FP services effective and sustainable and it has been one of the key components of UNFPA’s support in Tajikistan from the first year of its operation.” noted in her speech Ms. Mieko Yabuta.

Recognizing the importance of the family planning services, the Government of Tajikistan started state budget allocation for essential reproductive health commodities procurement in 2016.  The commodities and equipment handed over to the MoHSPP within the joint project of the Government of Japan, UNFPA and MoHSPP will supplement the state funding to accompany the Government’s efforts to make reproductive health family planning services sustainable.

Key facts on FP (WHO, December 2016)

•          An estimated 225 million women in developing countries would like to delay or stop childbearing but are not using any method of family planning;

•          FP methods reduce the recourse to abortion, especially unsafe abortion;

•          FP reinforces people’s rights to determine the number and spacing of their children;

•          Some FP methods help prevent the transmission of HIV and other sexually transmitted infections.

***

The United Nations Population Fund: Delivering a world where every pregnancy is wanted, every childbirth is safe and every young person's potential is fulfilled.

 



 


 

Маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ва маводи асосӣ барои солимии репродуктивӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

22-уми сентябри соли 2017, Душанбе, Тоҷикистон- Дар чаҳорчӯбаи созишномаи кӯмаки бурсӣ миёни Ҳукумати Ҷопон ва Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), ки ба таҳкими системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ва молҳои муҳими солимии репродуктивӣ дар бинои Институти илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, генекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ)  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хонум Хайринисо Юсуфӣ,  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии ҶТ, ҷаноби Олимзода Насим Хоҷа, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҷаноби Хаҷиме Китаока, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Кейзо Такеми,  Раиси Форуми намояндагони Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва  хонум Миеко Ябута,   роҳбари  кишварии ЮНФПА барои ҶТ, инчунин намояндагон аз парлумон ва   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ширкат варзиданд.

Дар маросими тантанавӣ, ки  дар доираи лоиҳаи муштараки "Таҳкими хизматрасонии банақшагирии танзими оила", маводҳои тиббӣ ва таҷҳизот бо маблағи умумии 300,000 доллари амрикоӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ супурда шуданд. Мақсади лоиҳаи мазкур аз таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат ва  банақшагирии оила мебошад. Лоиҳаи мазкур талаботҳоро ҷиҳати хизматрасонии тиббии босифат  ва ёрмандӣ дар самти банақшагирии оиларо, дар  асоси нақшаҳои фардиву оилавӣ  баррасӣ мекунад.

"Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, ки соли 1994 дар Қоҳира  баргузор гардида, ҳуқуқи ҳар як зан ва мардро доир ба вақт, замон ва  шумораи кӯдакон, ки ба нақша доранд  муайян намуда, вазифаҳои давлатҳоро ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳо барои иҷроиши ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон  тасдиқ намуд. Банақшагирии оила қисми муҳими табобати модар ва кӯдак буда ба коҳиш додани ҳолатҳои марги  модару кӯдак дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мусоидат намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати ҶТ  барои самаранок гардидани хизматрасониҳо дар самти банақшагирии оила мусоидат  менамояд  ва ин чиз яке аз ҷузъҳои калидии кӯмаки ЮНФПА дар Тоҷикистон аз соли аввали фаъолияти худ ба ҳисоб меравад", қайд намуд хонум Миеко Ябута.

Ҳукумати ҶТ аҳамиятнокии  банақшагирии оилавиро эътироф намуда, тақвият додани буҷаи давлатиро барои хариди маводи асоси босифат барои солимии репродуктивӣ аз соли 2016 оғоз намуд. Молу таҷҳизоте, ки дар доираи лоиҳаи муштараки Ҳукумати Ҷопон, ЮНФПА ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, кӯмакест ба маблағгузории давлатӣ ва саъю талошҳои Ҳукумат дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила.  

Фактҳои асосӣ ҷиҳати банақшагирии оила (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, декабри соли 2016)

• Тақрибан 225 миллион зан дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мехоҳанд, ки ҳомиладориашонро мавқуф гузоранд, вале ягон усули банақшагирии оиларо истифода намебаранд;

• Усулҳои банақшагирии оила ҳолатҳои муроҷиат барои исқоти ҳамл кардан, аз ҷумла исқоти ҳамли хавфнокро кам мекунад;

• Банақшагирии оила  ҳуқуқҳои одамонро ҷиҳати  муайян кардани шумора  ва фосилаи тавлиди кӯдак мушаххас  мекунад;

• Баъзе усулҳои банақшагирии оила  сироятшавӣ аз ВНМО ва дигар сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузарандаро пешгирӣ менамоянд.

***

Хазинаи Нуфуси  Созмони Милали Муттаҳид: Таъмини ҷаҳоне, ки ҳар як ҳомиладорӣ дилхоҳ аст, ҳар як таваллуд бехатар аст ва иқтидори ҳар як шахс метавонад иҷро гардад.



#fc3424 #5835a1 #1975f2 #2fc86b #fevec9 #eef11239 #060114054720