header
header
header
header

ООН Надежный партнер Часть 1 

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи байналмилалии ғизоро бахшида ба амнияти ғизо ва рушди деҳот ҷашн мегирад

17 Октябри 2017
 
Шаҳри Норак – Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОКСММ), Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОСММ) ва Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид доир ба муҳоҷират (СБМ) имрӯз, 17-уми октябр, рӯзи байналмилалии ғизоро бо чорабиние бахшида ба иртиботи миёни муҳоҷират ва амнияти ғизоворию рушди деҳот ҷашн гирифтанд.
 
Чорабинӣ зери унвони “Муҳоҷирати ояндаро тағйир медиҳем: Ба амнияти озуқаворӣ ва рушди деҳот саҳм мегузорем” баргузор гардид.
 
Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ саҳначаҳои театрӣ, озмуни таомпазӣ ва озмуни сурати беҳтарин дар байни хонандагон, саволу ҷавоб дар атрофи мавзӯъи рӯзи байналмилалии ғизо-2017 ва маъкараҳои иттилоотӣ дар маҳалҳо ва тавассути расонаҳои хабарӣ баргузор гардиданд. Инчунин, саҳми муҳоҷират дар афзоиши нерӯи корӣ дар ҷомеаи мизбон, ва бозгашти муҳоҷирон ба ватанашон бо малакаи нав, дониш ва маблағ, ки боиси рушди иқтисодӣ мегардад, зикр шуд.
 
Виорел Гутсу, намояндаи СОКСММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, "муҳоҷирон бевосита ба афзоиши ҳосилнокӣ, имкониятҳои шуғл, дастрасӣ ба бозорҳо, тавассути маблағгузорӣ ва дониш ба кишвар ва оилаҳои хеш метавонанд саҳм гузоранд”.
Дар Тоҷикистон СОКСММ, БОҶСММ ва СМБ бо назардошти таҷрибаашон дар самти мудирияти муҳоҷират бо ҳадафи бунёди ҷомеаҳои устувор нақши махсус доранд. Ҳамроҳ бо шарикон, оҷонсиҳои мазкур фаъолиятҳои худро ҷиҳати боло бурдани саҳми мусбии муҳоҷирон дар коҳиши сатҳи фақр, амнияти озуқаворӣ ва ғизо, устувории хоҷагиҳои деҳот васеъ хоҳанд кард.
 
Драган Алексоски, роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: "Рӯзи байналмилалии ғизо ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳарчанд дар ҷаҳони рушдкарда хӯрок бо фаровонӣ ва гуногунрангӣ тавъам аст, аксарияти аҳолии ҷаҳон барои дастрасӣ ба озуқа маҷбуранд пайваста талош варзанд. Мушкили дастрасӣ ба озуқаворӣ аксар вақт ба ҳайси муҳаррики муҳоҷират бо ҳадафи дарёфти даромад хидмат мекунад. СБМ бо СОКСММ ва БОҶСММ, дигар оҷонсиҳои СММ ва шарикон фаъолиятҳои худро дар ин самт идома медиҳад, то мардум муҳоҷиратро ҳамчун интихоби имконият қабул кунанд, на зарурат. Албатта, мо қатъиян бо унсурҳое, ки муҳоҷирати иҷбориро ба вуҷуд меоранд, ба мисли мушкили амнияти озуқаворӣ, мубориза хоҳем бурд.
 

Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумат, сафирон, намояндагони донорҳо, шарикон ва журналистон ширкат варзиданд. Ҳамзамон, аз нашри гузориши нави Амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар ҷаҳон ва моҳияти усули ҳамоҳангшуда баҳри коҳиши гуруснагӣ ва сохтани ҷомеаҳои устувор дар Тоҷикистон хабар дода шуд.

Ин гузориш, ки аз ҷониби панҷ оҷонсии СММ нашр шуд, шумора ва таносуби тақрибии аҳолии гуруснаи ҷаҳонро дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаро мегирад. Бино бар ин гузориш, муноқишаҳо, офатҳои табиӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ омилҳои асосии ба миён омадани гуруснагӣ дар ҷаҳон мебошанд. Дар айни замон, 815 миллион нафар дар ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд. Дар Тоҷикистон, дар давраи солҳои 2004-2016 паҳншавии норасоии ғизо аз 41,5% то 30,1% коҳиш ёфт, гарчанде шумораи одамони зарардида камтар, яъне аз 2.8 то 2.6 миллион нафар кам шуд.
 

Паоло Маттеи, директори кишварии БОҶ СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд: ."Норасоии ғизо дар Тоҷикистон солона 41 миллион доллари амрикоӣ зарар меорад. Бинобар ин, сармоягузорӣ баҳри беҳтар кардани ғизои кӯдакон барои таҳсил ва ояндаи хубтар зарур мебошад".

Созмонҳои марбут Нақшаи миллии амнияти озуқаворӣ ва рушди деҳот дар кишварро дастгирӣ карда, кӯшиш менамоянд, ки мардуми маҳаллӣ, махсусан муҳоҷирони баргашта ва қишрҳои осебпазир аз мушкили норасоии ғизо, эҳтиёҷоти хешро қонеъ гардонанд.
 
Барои гирифтани маълумоти муфассал муроҷиат намоед:
 
Созмони Озуқа ва Кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Хиёбонӣ Рӯдакӣ27, Душанбе, Тоҷикистон,
734025
Teл: +992 44 601 90 60
Фaкс: +992 44 601 90 62
Почтаи элекрон: fao-tj@fao.org
Сомонаи электрон: www.fao.org
Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Кӯчаи Толстой 7, Душанбе
734003, Тоҷикистон
Tel: (992 44) 6252000
Почтаи элекрон: wfp.dushanbe@wfp.org
Фaкс: +992 372 51087
Сомонаи электрон: www.wfp.org
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират
Кӯчаи Азизбекоа 22А гузаргоҳи дуюм, Душанбе, Тоҷикистон
Teл: (+992 48) 701 02 22;
Фaкс: (+992 37) 251 00 62
Почтаи элекрон: dushanbe@iom.int
Сомонаи электрон: www.iom.int

 

#fc3424 #5835a1 #1975f2 #2fc86b #fevec9 #eef11239 #060114054720